Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарбозони лаҳистонӣ дар куштори афғонҳои мулкӣ айбдор шуданд


Додситонии Лаҳистон гуфтааст, ки 7 сарбози лаҳистонӣ барои куштори 6 шаҳрванди мулкии Афғонистон, аз ҷумла занҳову кӯдакҳо, дар моҳи августи соли ҷорӣ муҷозот мешаванд. Додситон гуфтааст, ки марги онҳо ҳодисаи тасодуфӣ набуд ва на дар пайи ҳодисае сурат гирифт, ки ба ҷони сарбозон хатар эҷод мекард. Қаблан мақомоти Лаҳистон гуфтанд, ки қурбониҳо шӯришиёни толибон буданд ва дар посух ба ҳамлаи мусаллаҳонаашон болои сарбозони эътилофӣ ба ҳалокат расиданд. Додситонии Лаҳистон гуфтаст, ки куштори ин мардуми рустоӣ наметавонад ҳамчун посух ба ҳамлаи низомӣ арзёбӣ шавад. Дар сурати таъйиди гуноҳҳояшон аз ҷониби додгоҳ, сарбозони лаҳистонӣ аз 12 сол ва то абад равонаи зиндон шаванд.
XS
SM
MD
LG