Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҷӯёи пешниҳоди дигар барои ҳалли қазияи Косово аст


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки идеяи истиқлолияти Косоворо канор гузошта, ба як қарори дигаргуна дар ин масъала бирасанд. Вай ин баёнияро дирӯз дар Словения зимни боздидаш аз ин кишвар ироа кард. Вай гуфт, ки Сербистону Косово бояд бидуни шартгузориҳои ниҳоӣ барои барои пайдо кардани роҳҳале барои худ музокира кунанд. Алорағми баргузории чандин даври музокирот барои таъйини сарнавишти Косово, ки бояд то 10 декабр анҷом ёбад, то ҳол дар ин масъала ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. Косово гуфтааст, ки дар сурати адами тавофуқи назар бо Сербистон, ин вилояти ҷудоихоҳ ба таври якҷониба истиқлолияти худро аз Белград эълон хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо дар музокироти Косово Вогфганг Ичингер пешниҳоди бахшидани "мавқеи бетарафона" ба Косоворо кардааст, то ки бо ин роҳ аз идеяи истиқлолияти ин вилоят даст кашанд. Аммо тибқи иттилои хабаргузории Франс Пресс, ҳар ду ҷониб аллакай ин пешниҳоди дипломати олмонӣ дар заминаи ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва муборизаи зидди ҷинояткории миёни ду ҷонибро рад кардаанд. Вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт гуфтааст, ки бо наздикшавии таърихи 10 декабр ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо бояд фишори охиринро барои тасвиби як созишномаи бисёрҷониба дар масъалаи Косово ба харҷ диҳанд.
XS
SM
MD
LG