Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав "Искандар"-ро ба Минск мефурӯшад


Русия дар посух ба мустақаршавии системи зидди ҳамлаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар Аврупо дар мавриди фурӯши маҷмааи мушакии “Искандар” ба Белорус тасмим гирифтааст. Дар ин бора имрӯз фармондеҳи неруҳои мушакии Русия Владимир Заритский хабар дод. Ҳамзамон ҳамтои белоруси ӯ Михаил Пузиков дар Минск ба хабарнигорон гуфт, ки тибқи созиши ҳосилшуда, кишвараш маҷмааи мушакии “Искандар”-ро бо қимати дохилирусӣ ва тибқи созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ харидорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG