Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: "Гурҷистон метавонад дар 2-3 рӯз вазъияти фавқулоддаро бекор кунад"


Дипломати баландпояи амрикойӣ гуфт, ки Гурҷистон метавонад дар ду ё се рӯзи дигар вазъияти фавқулоддаро бекор кунад. Меттю Бриза, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Аврупо гуфт, ки дар ин бора ба вай Нино Бурҷанадзе, раиси маҷлиси Гурҷистон хабар дод. Вай афзуд:

"Аз гуфтугӯи мову раиси парлумон ба ман рӯшан шуд, ки чунин ба назар мерасад вазъияти фавқулодда дар ду ё се рӯзи дигар, яъне амалан, ба андешаи ман, дар таърихи 16 ноябр бардошта мешавад. Ба фикрам дар рӯзи ҷумъа бояд шавад"

Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ҳафтаи гузашта ҳолати изтирориро ҷорӣ карда, фаъолияти расонаҳои мустақил ва ташкили намоишҳои ҷамъиятиро дар кишвар манъ кард. Инчунин вай 5 январро чун рӯзи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ эълон кард. Дипломати амрикойӣ инчунин хостааст, ки ба зудтарин фурсат фаъолияти кулли расонаҳои хабарӣ дар кишвар барқарор шавад, то ин ки интихобот дар шароити озоду одилона ҷараён гирад.
XS
SM
MD
LG