Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин хостори лағви вазъи фавқулодда шуданд


Мухолифини ҳукумати Покистон аз раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф талаб карданд, ки дар арафаи интихоботи порлумонӣ вазъи фавқулоддаро лағв кунад. Дирӯз раиси ҷумҳури Покистон эълом дошт, ки интихоботи порлумонӣ рӯзи 9 январи соли оянда баргузор мешавад ва аммо аз ошкор кардани рӯзи лағви вазъи фавқулодда худдорӣ кард. Баъд аз эълони вазъи фавқулодда дар як ҳафтаи пеш ҳазорҳо мухолифини ҳукумат боздошт ва доир кардани гирдиҳамоиҳо ва пахши барномаҳои телевизионҳои мустақил мамнӯъ эълон шудаанд.

Раҳбари эътилофи аҳзоби исломии Покистон Лаёқат Балуч имрӯз гуфт, ки "вазъи фавқулодда баргузории интихоботи озоду одилона ба порлумонро зери суол мебарад". Беназир Бҳутто – сарвазири пешини Покистон эълони рӯзи интихоботи порлумониро иқдоми нек номид ва аммо гуфт, ки “ҳанӯз дар бораи эътидоли вазъи Покистон баъд аз бӯҳрони амиқ ҳарф задан нашояд”.

XS
SM
MD
LG