Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди ҳамлаҳо дар Ироқ коҳиш ёфтааст


Ҳайати фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ изҳор намуд, ки теъдоди ҳамлаҳои интиҳорӣ бо истифода аз миномёт ва мушакҳо дар кишвар коҳиш ёфтааст. Подполковник Ҷеймс Рикард изҳор намуд, ки коҳиши ҳамлаҳо ба асари ошкор шудани анбору махфигоҳҳои силоҳ ва аз байн бурдани ифротгароҳо ҳосил шудааст.

Дирӯз Нурӣ Ал-Моликӣ сарвазири Ироқ гуфт, ки бамгузорӣ ва ҳамлаҳои маргталабона дар Бағдод назар ба як соли пеш 75 дар сад коҳиш ёфт. Ба гуфтаи низомиёни воломақом, коҳиши куштору ҳамлаҳои интиҳорӣ бо афзоиши теъдоди неруҳои амрикоӣ ва ироқӣ дар пойтахт ва манотиқи атрофи он марбут аст.

XS
SM
MD
LG