Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулоддаи Покистон лағв мешавад?


Имрӯз Додситони кулли Покистон Малик Муҳаммад Қайюм гуфт, вазъияти фавқулодаи ин кишвар, ки аз тарафи президент Парвез Мушарраф ҷорӣ шудааст, дар давоми як моҳ лағв мегардад. Қайюм шарҳ надод, ки лағви вазъи фавқулода кай расман эълон мешавад.

Рӯзи ҷумъаи нуҳуми ноябр Департаменти давлатии ИМА аз президент Мушарраф даъват кард, ки вазъи фавқулодаро аз эътибор соқит намуда, роҳи ҳукуматдории конститутсионии демократиро пеш гирад.

Як ҳафта пеш бо ишора ба афзоиши таҳдидҳои ифротгароҳо ва мавқеъгирии душманонаи додгоҳ президенти Покистон дар ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ намуд. Мушарраф иброз дошт, ки интихоботи парламентии Покистон то 15-уми феврал доир хоҳад шуд. Ӯ рӯзи дақиқи овоздиҳиро ошкор накард. Ҳамчунин Мушарраф изҳор намуд, ки қабл аз маросими савгандёдкунии даври дуюми раёсатҷумҳуриаш аз мақоми сарфармондеҳи артиш истеъфо медиҳад. Ӯ мӯҳлати иҷрои ин ваъдаашро ҳам ташхис накард.

Имрӯз дар шаҳри Исломобод собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто ҳукми ҳабси хонагиро нодида гирифта, аз хонааш берун шуд.

Рӯзи ҷумъа мақомот Бҳутторо дар ҳабси хонагӣ қарор дода, имкон надоданд, ки ӯ дар як раҳпаймоӣ иштирок намояд. Ёварони Бҳутто мегӯянд, ки имрӯз собиқ сарвазири Покистон бо дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои ҳизбаш мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG