Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 афсари полис дар Зобул


Як фармондеҳи маҳаллии полис гуфт, ки дирӯз дар ҷануби Афғонистон ҷангиёни марбут ба Ал-Қоида ба посдорони полис ҳамла карда 7 афсари полисро ба ҳалокат расониданд. Сухангӯи толибон Юсуф Аҳмадӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯши Толибон унвон карда гуфт, ки дар амалиёти вилояти Зобул даҳҳо ҷангиён сафарбар шуданд. Эътилофи таҳти сарпарастии ИМ рӯзе пеш аз ин гуфт, ки дар ҳамин минтақа дар натиҷаи як амалиёти муштараки нирӯҳои амрикоиву полиси Афғонистон чанд ҷангӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG