Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саноати Тоҷикистон дар мавқеи панҷум


Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои тавлидоти саноии худ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Ҷамоҳири Мустақил дар мавқеи панҷум қарор гирифтааст. Ба иттилоъи Кумитаи байнидавлатии омори ин Иттиҳод, истеҳсолоти саноии Тоҷикистон дар зарфи нӯҳ моҳи соли 2007 ҳафту аз даҳ ҳафт дар садро афзун шудааст. Се мақоми аввалро дар ин феҳраст Озарбойҷон бо 27 дар сади афзоиши тавлидоти саноияш, Узбакистон бо 12 ва Укроин бо 10,7 фоиз ишғол кардаанд. Русия баъд аз Тоҷикистон – дар зинаи 6-ум мавқеъ гирифтааст. Суръати афзоиши тавлидоти саноӣ дар ин кишвар шашуним фоизро ташкил додаст. Ин ҳама дар ҳолест, ки мушаххас нест, Тоҷикистон аз рӯйи кадом тавлидоти саноатиаш чунин нишондиҳандаҳои намоён дошта ва дар ин феҳраст ҳатто аз Русияву Қазоқистон ҳам бологузар шудааст.

XS
SM
MD
LG