Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар як мактаби Финландия


Бар асари тирпарронӣ дар як мактаб дар шаҳри Туусулаи Финландия се нафар, аз ҷумла, мудири мактаб кушта шуданд. Як каси дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, як мактабхони 18 сола дар бинои мактаб сӯи ҳамдарсҳояш оташ кушод.

Сабабҳои ҳодиса ва сарнавишти ҷинояткор алҳол рушан нестанд. Тибқи баъзе хабарҳо, пулис ӯро боздошт кардааст ва аммо баъзе расонаҳо навиштаанд, ки аз тири пулис кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG