Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи нав барои макотиби динии Тоҷикистон


Дар яке аз макотиби мусулмонии шаҳри Душанбе барномаи нави таълимӣ ҷорӣ шудааст, ки тибқи он 30 дар сади дарсҳоро илмҳои дунявӣ, аз чумла информатика, фалсафа ва забонҳои хориҷӣ, ташкил медиҳанд. Дар назар барномаи нав тамоми макотиби динии кишварро фаро бигирад.

Ба гуфтаи ректори Академияи улуми педагогии Вазорати маъорифи Тоҷикистон Хайрулло Авзалов, ҳадафи барномаи мазкур дар баробари омӯзиши улуми динӣ ҳамчунин беҳсозии дониши дунявии муҳассилини ин макотиб мебошад.

Гуфта мешавад, то имрӯз мактабҳои мусулмонии Тоҷикистон аз барномаҳои таълимии дар қарни 16 тартибдодашуда истифода мекардаанд, ки тибқи онҳо тамоми дарсҳо динӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG