Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои эҳёи кони "Хоҷа Сартез" кумак мекунад


Амрико барои эҳёи кони гази «Хоҷа Сартез», воқеъ дар минтақаи Кӯлоб, 5 милиён доллар кумак хоҳад кард. Дар ин бора раиси ширкати «Гази Кӯлоб» Хайрулло Ҳабибуллоев иттилоъ додааст.

Ба гуфаи ҳамин манбаъ, чунин тавофуқ ахиран ҳини дидор ва гуфтугуи ҳайати мутахассисони амрикоӣ бо мири шаҳри Кӯлоб ба даст омадааст.

Гуфта мешавад, «Хоҷа Сартез» яке аз конҳои калони газ дар Тоҷикистон мебошад ва тайи солҳои ахир истеҳсоли газ дар ин кон бо сабабҳои мухталиф ба маротиб кам шудааст.

XS
SM
MD
LG