Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад нозири ҳуқуқи башари Аврупо бошад


Як мақоми Русия гуфт, ки Маскав ният дорад соли 2008 як созмонеро барои таҳқиқи мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Иттиҳодияи Аврупо таъсис диҳад. Сергей Ястржембский, намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар Иттиҳодияи Аврупо дар мусоҳиба бо "Российская газета" гуфт, ки дафтарҳои кории ин созмон дар Бруссел, Берлин ва Париж боз хоҳанд шуд. Ин ташаккул ният дорад мавридҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Русия ва дигар ақаллиятҳои миллиро дар Латвияву Эстония назорат карда ҳамчунин ба масоили нажодпарастӣ, муҳоҷират ва муқаррароти интихоботӣ дар Иттиҳодияи Аврупо расидагӣ кунад.

XS
SM
MD
LG