Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уилям Фаллон ба Душанбе меояд


Қарор аст имрӯз Уилям Фаллон, фармондеҳи ҳайати фармондеҳии марказии Иёлати Муттаҳида, бо сафари якрӯза вориди Тоҷикистон шавад. Адмирал Фаллонро дар ин сафар ҳамсараш ҳамроҳӣ мекунад. Дар чаҳорчӯби боздиди адмирал Фаллон аз Душанбе мулоқоти ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Ва аммо бонуи оқои Фаллон бо ҳамсарони раиси ҷумҳур, вазири дифоъ ва фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Қаблан, вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, фармондеҳи ҳайъати фармондеҳии Амрико 31-уми октябр вориди Тоҷикистон мешавад. Ин дуввумин сафари низомии воломақоми Амрико ба Тоҷикистон дар ним соли ахир аст. Дафъаи гузашта адмирал Фаллон моҳи июн бо раҳбарони вазоратҳои қудратии Тоҷикистон масоили марбут ба амнияти Осиёи Марказӣ ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карда буд.

Имрӯз ҳамчунин Тони Кеннигс, намояндаи хоси Созмони Милали Мутаҳид дар Афғонистон, ба Душанбе меояд.

,

XS
SM
MD
LG