Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфассири иштибоҳ кардаи Қуръон боздошт шуд


Як мақоми афғонӣ, ки дар тафсири барғалати Қуръон гунаҳгор мешуд, зимни кӯшиши убури марзи Покистон боздошт шуд.

Ҳарду палатаи парлумони Афғонистон Муҳаммад Ғафс Залмайро барои тарҷумаи Қуръон ба забони дарӣ ва инчунин матолибе роҷеъ ба ҳамҷинсгароиву зино интиқод карда гуфтанд, ки вай бисёр нукоти онро тафсири барғалат додааст.

Ба вай амр дода шуд, то замоне, ки палатаи болоии парлумони Афғонистон куллия матнҳои тарҷумашудаи ӯро мавриди омӯзиш қарор надиҳад, қаламрави Афғонистонро тарк накунад.

Оқои Залмай дар додситонии кулли ин кишвар вазифаи раиси умури расонаҳои хабариро ба ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG