Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди Эрон


Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал мувофиқат кардаанд, тарҳи нави қатъномаи танбеҳӣ ба зидди Эронро таҳия намоянд. Намояндагони Амрикову Чин, Русияву Фаронса ва Бритониё бар изофаи Олмон рӯзи ҷумъа 2 ноябр дар шаҳри Ландан барномаи баҳсбарангези атомии Иронро баррасӣ карда ва ба ин натиҷа расидаанд, ки агар давлати Эрон ба суолҳои асосии роҷеъ ба барномаҳои атомиаш посух надиҳад, ба зидди он таҳримоти нав эъмол хоҳад шуд. Қудратҳои ҷаҳонӣ пеш аз таҳияи тарҳи қатъномаи танбеҳӣ гузоришҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ доир ба барномаҳои атомии Эронро хоҳанд шунид. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ бомби атомӣ месозад, иддаое, ки пайваста аз ҷониби Эрон рад шудааст.

XS
SM
MD
LG