Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқилов дар нишасти Шонгҳой ширкат мекунад


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз дар нишасти сарони ҳукуматҳои мамолики узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Тошканд ширкат меварзад. Дар пойтахти Узбакистон миёни кишварҳои узви ин созмон қарордоди ҳамкорӣ дар умури гумрук ва кӯмакҳои мутақобила ба имзо хоҳад расид. Ба ҷуз ин, нахуствазирон масоили марбут ба рушди равобити иқтисодию тиҷорӣ ва иҷтимоӣ миёни кишварҳои узви Созмони Шонгҳойро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Инчунин фаъолияти Шӯрои тиҷорӣ ва ҷамоаи байнибонкии Созмони Шонгҳой, ки тирамоҳи соли 2006 дар Душанбе таъсис дода шудааст, яке аз дигар мавзӯъҳои муҳокимаи ин нишаст мебошад. Дар баробари нахуствазирони кишварҳои узв, сарони ҳукуматҳои мамолики нозири Созмони Шонгҳой – Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Покистон ва ба ҳайси меҳмон ноиби раисҷумҳури Афғонистон Аҳмад Масъуд низ иштирокдори нишасти Тошканд хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG