Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

70 қурбонии даргириҳо дар шимолуғарби Покистон


Артиши Покистон гуфт, нирӯҳои амниятӣ, ки аз ҷониби чархболҳои низомӣ ҳимоят мешуданд, дар ду рӯзи даргириҳои минтақаи шимолуғарби Покистон 70 ҷангиро ба ҳалокат расониданд. Покистон ҳафтаи гузашта ҳудудан 2500 сарбозро ба водии Сват барои муқобила бо пуштибонони як рӯҳонии тундрав сафарбар кард, ки талош доштааст, қонуни шариатро дар ин минтақа таҳмил кунад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ, баъди он ки даҳҳо ҷангиён кушта шуданд, як оташбасе миёни ду ҷониб ҳосил шуд, аммо рӯзи чоршанбеи 31 октябр ифротгароён тавофуқи оташбасро бекор карданд.

XS
SM
MD
LG