Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи равған дар Душанбе


Қимати равғани рустанӣ дар мағозаҳои Душанбе якбора боло рафта, нархи 1 литр ба 8 сомонӣ (2,3 доллар сомони) расидааст. Ин дар ҳолест, ки якчанд рӯз пеш ин нарх то 5 сомони, ё 1,4 долларро ташкил медод.

Гуфта мешавад, болоравии қимати равған боиси нигаронии мардум гаштааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ба боло рафтани нархи равған фурушандагонро гунаҳгор хондаанд.

XS
SM
MD
LG