Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қозии додгоҳ бо ҷурми ришватситонӣ дастгир шуданд


Дар ҷануби Тоҷикистон ду қозии додгоҳ бо ҷурми ришватситонӣ дастгир шуданд. Ҳангоми гирифтани 600 доллари амрикоӣ ришва ахиран қозии додгоҳи Қубодиёни вилояти Хатлон Толиб Холиқов боздошт гардид. Ожонси зиддифасод мегӯяд, дар пайи таҳқиқи муқаддамотӣ маълум шудааст, ки нафари муттаҳам бар ивази пора ваъда кардааст, ки баҳси манзилро бар суди як сокини маҳаллӣ анҷом медиҳад. Ҳамзамон муфаттишони ин парванда иддао доранд, ки қозии мазкур қаблан ҳам се маротиба дар ҳаҷми беш аз ҳафт ҳазор доллари амрикоӣ ришват гирифта ва мурофиаҳои додгоҳиро ғайриодилона доир кардааст.

Ба ҷуз ин қозии дигаре дар додгоҳи ноҳияи Ҷилликӯли Хатлон низ ба иттиҳоми ҳамгун боздошт шудааст. Давлатқадам Мирзоев ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ ришва ба даст афтодааст. Феълан афроди муттаҳам дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешаванд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

XS
SM
MD
LG