Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сингапур - рақиби навбатии Тоҷикистон


Тими миллии мунтахаби Сингапур. Акс аз сомонаи федератсияи футболи ин кишвар
Тими миллии мунтахаби Сингапур. Акс аз сомонаи федератсияи футболи ин кишвар

Рақиби баъдии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2010 мунтахаби Сингапур - қаҳрамони футболи АСЕАН хоҳад буд.

Пас аз бозиҳои даври аввал, 11 тиме, ки дар рейтинги ФИФА мавқеъи баландтаре доштанд, бидуни бозӣ ба даври саввум гузаштанд. Ин тимҳо инҳо мебошанд:

Баҳрайн, Узбакистон, Кувайт, Кореяи Шимолӣ, Чин, Урдун, Қатар, Лубнон, Уммон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва қаҳрамони Осиё - тими Ироқ.

Панҷгонаи беҳтарини осиёвӣ дар рейтинги ФИФА: Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Эрон бидуни ҳеҷ бозӣ дар даври саввум интизори рақибони худанд.

Ҳашт пирӯзи дигари даври аввал, ки рейтингҳои пасттар доранд, дар даври дуввум чаҳор ғолиби дигарро ба даври саввум мефиристанд. Мувофиқи қуръакашӣ ин тимҳо бо ҳам бозӣ мекунанд:

Ҳонконг – Туркманистон

Индонезия – Сурия

Сингапур – ТОҶИКИСТОН

Яман – Таиланд

Бозиҳо дар таърихи 9 ва 18 ноябр баргузор мегарданд.

Шинос шавед – Сингапур:

Қаблан, Тоҷикистон боре ҳам дар майдонҳои футбол бо Сингапур вонахӯрдааст. Аммо маҳз дар майдонҳои футболи Сингапур соли гузашта тими ҷавонони кишвар роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни ҷавононро ба даст оварда буд. Яъне, майдонҳои футболи сингапурӣ барои тоҷикистониён аллакай як бор комгорӣ овардаанд.

Таърихи футболи сингапурӣ:

Дарвоқеъ, сингапуриҳо дар минтақаи Осиё аз аввалин кишварҳо шуда лаззати тамошои футболро чашидаанд. Тӯби футболро ба ин ҷазира ҳанӯз дар авохири асри 19 бритониёиҳо оварда буданд. Дар соли 1892 Сингапур федератсияи футболи худро таъсис дод.

Дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон, бозигарони сингапурӣ, ки онҳоро мухлисони маҳаллӣ шерон низ ном мебаранд, боре ҳам муваффақ нашудаанд, то ба сабқати ниҳоӣ роҳхат бигиранд. Ва наздик ҳам наомадаанд.

Дар соли 2007 Сингапур унвони қаҳрамони ҷоми АСЕАН-ро ба даст овард, аммо аз муваффақтарин тимҳои ин кишвар, тими футболи миёнаҳои солҳои шастуми қарни гузашта маҳсуб мегардад, ки дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар соли 1966 Ҷомро ба ҷопониҳо бохта буд.

Бозигарони Сингапур:

Аммо ин шерҳои сурхпӯши сингапурӣ исме надоранд, ки ҳадди ақал дар минтақаи Осиё маъруф бошад. Миёни номзадон ба унвонии беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2007 низ ягон исми сингапурӣ нест. Ва аммо агар ба чеҳраҳои бозигарони тими мунтахаби Сингапур, ки муқобили Тоҷикистон ба майдон хоҳанд баромад, назар андӯхтан хоҳед, ин ҷойро пахш кунед.

Сармураббии Сингапур Райдоко Аврамович, собиқ ситораи футболи собиқ Югославия ва собиқ сармурабби тими футболи Кувайт мебошад. Ӯ аз соли 2003 Сингапурро тамрин медиҳад ва дар солҳои 1998 ва 2007 ASEAN Cub-ро ба даст овардааст.

Сингапур дар роҳ ба сӯи Африқои Ҷанубӣ:

Бо ин унвон сомонаи федератсияи футболи Сингапур шерҳои футболии худро ба Африқо метозонад. Дар ин роҳ, онҳо танҳо нав як қадам гузоштаанд, онҳо Фаластинро пушти по гузоштанд.

Акнун, аз шербачаҳои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев вобаста аст, ки қадами баъдии шерҳои сингапурӣ комгорона хоҳад буд ва ё нокомона. Ҳамин тариқ, моҳи ноябр нишон медиҳад, ки кӣ беҳтар: Соҳиби Ҷоми Асеан ё соҳиби Ҷоми даъвати Осиё.

XS
SM
MD
LG