Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футбол: бозии ҷавобии Тоҷикистон - Бангладеш


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 дар минтақаи Осиё рӯзи 28-уми октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими миллии Бангладеш рақобат мекунад.

Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Дакка бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфта буд. Бинобар ин дар сурати бидуни гол мусовӣ анҷом ёфтани ин бозӣ футболбозони тоҷик ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.

Ба назари коршиносон, дастаи Тоҷикистон барои пирӯзӣ дар майдони худ шонси хуб дорад, зеро футболбозони тоҷик дар ду бозии қаблии мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ 4 сол муқаддам ҳам дар меҳмонӣ ва ҳам дар майдони худ дастаи Бангладешро бо натиҷаи якхелаи 2:0 шикаст дода буданд.

XS
SM
MD
LG