Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се пулиси гурҷиро посдорони сулҳи Руссия задаанд


Гурҷистон мегуяд, нируҳои посдори сулҳи Руссия дар минтақаи нейтрал дар марзи миёни Гурҷистон ва Абхозистони ҷудоиталаб таваққуф кардаанд ва се корманди пулиси Гурҷистонро мавриди лату куб қарор додаанд. Шота Утиашвилӣ-як мақоми расмии вазорати дохилаи Гурҷистон мегуяд, баъд аз ин ҳодиса нируҳои кишвараш ин се корманди пулисро дар дохили як зиреҳпуш пайдо карданд, ки дастонашон баста будааст. Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон, ки билофосила аз маҳали ҳодиса боздид кардааст, ба нируҳои посдори сулҳи Руссия ҳушдор додааст, ки чунин ҳодисаҳо метавонад Руссия ва Гурҷистонро бар зидди якдигар таҳрик кунад.

XS
SM
MD
LG