Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон дар 2 даргирӣ 60 нафар кушта шуданд


Дар хабари дигар мақомоти Афғонистон мегуянд, ки дар ду даргирии алоҳида бештар аз 60 нафар кушта шудаанд. Шаби рузи душанбе дар вилояти Фароҳ садҳо нафар тундрави Толиб ба маркази вулусволии Гулистони ин вилоят ҳамла бурдаанд. Вале онҳо ба муқовемати пулис ва аҳолии маҳаллӣ ру ба ру шудаанд. Дар ин даргирӣ 30 толиб, 3 корманди пулис ва 7 нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба қатл расидаанд. Нируҳои пулис барои ҷилавгирӣ аз куштори аҳолии маҳал аз шаҳрак хориҷ шудаанд. Дар як амалиёти муштараки дигар, ки нируҳои Афғонистон ва НАТО дар вилояти Қандаҳор анҷом додаанд, 20 нафар аз афроди Толибон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG