Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ҳамла болои корвонҳоро бас кунед!


СММ аз толибони силоҳбадаст ва дастаҳои ҷиноии Афғонистон талаб кард, ки ҳамла болои корвонҳои ҳомили ғизо ва кумакҳои башарӣ ба афғонҳои ниёзмандро қатъ кунанд. Том Кёниг раиси бахши кумакҳои СММ дар Афғонистон гуфт, ки соли равон бар асари ҳамлаҳо 34 ходими муассисаҳои кумакрасони СММ ба қатл расидаанд. Ӯ афзуд, соли ҷорӣ ҷангҷӯёну ҷинояткорон 76 ходими муассисаҳои кумакрасонро рабуда, болои 55 корвон ҳамла кардаанд. Ба қавли Кёниг масъулони ҳамлаҳо ба некӯаҳволии ҷамоаҳои осебпазири ин кишвар зарба мезананд.

XS
SM
MD
LG