Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии тимҳои Тоҷикистон ва Бангладеш шурӯъ шуд


Бозии ҷавобии сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2010 миёни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Бангладеш дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Дар бозии нахуст дар пойтахти Банладеш бозии ин ду тим мусовӣ 1-1 анҷом ёфта буд. Ҳамакнун, дастаи пирӯз дар бозии имрӯз соҳиби роҳхат ба даври дуввум хоҳад шуд.

Тими Тоҷикистон дар чунин ҳайъат ба майдон баромадааст:Александр Муканин, Зафар Зубайдов, Наим Носиров, Субҳон Хуҷамов, Алексей Неъматов, Иброҳим Рабимов, Акмал Холматов (капитан), Хуршед Маҳмудов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Ҷомихон Муҳиддинов. Сармуррабии тими Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев мебошад.

XS
SM
MD
LG