Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аргентина соҳиби аввалин президенти зан мешавад


Имрӯз дар Аргентина интихоботи президентӣ барпо мешавад. Интизор меравад, ки интихобкунандагон ба пуштибонӣ аз Кристина Фернандез раъй дода, ӯро ба аввалин президенти зан дар кишвари худ табдил медиҳанд. Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки Фернандез, сенатори марказгарои дастичапӣ ва ҳамсари президенти истеъфораванда Нестор Киршнер аз пуштибоние бархӯрдор аст, ки метавонад, дар даври аввали овоздиҳӣ пирӯзӣ ба даст орад. Як бахши ин пуштибонӣ аз баракати шавҳари ӯст, ки ҳамчун президент тавонист, вазъи иқтисодии Аргентинаро пас аз бӯҳрони амиқи даҳ сол пеш наҷот диҳад ва солим гардонад.
XS
SM
MD
LG