Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Рамда ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи Фаронса шаҳрванди Алҷазоир Рашид Рамдаро барои даст доштан дар ташкили инфиҷор дар метрои Париж дар соли 1995 ба ҳабси абад маҳкум кард. Аз ин пеш Рашид Рамда барои робита бо созмони террористӣ барои даҳ сол роҳи зиндон шуда буд. Ва ахиран додситонӣ собит намуд, ки ҳамлаи террористӣ дар метрои Парижро маҳз Рамда сармоягузорӣ кардааст.

Ҳамлаи террористӣ 25 июли соли 1995 дар истгоҳи Сен-Мишел рух дода мунҷар ба ҳалокати 8 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 80 нафари дигар шуда буд. Ҳамон сол дар пойтахти Фаронса боз панҷ инфиҷори дигар ба амал омад, аз ҷумла, ду таркиш дар метро.

Баъди ин ҳаводис Рашид Рамда дар Лондон боздошт шуд ва баъди тақрибан 10 сол мақомоти Британия ӯро ба Париж истирдод карданд.

Гуфта мешавад, ки Рамда яке аз раҳбарони “Гурӯҳи мусаллаҳи исломӣ” – як шохаи ҳаракати исломии мухолифи ҳукумати Алҷазоир аст. Ин гурӯҳ таркишҳо дар Париж чун "муҷозоти Фаронса барои пуштибонияш аз ҳукумати Алҷазоир" арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG