Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Роҳат Алиев зидди Назарбоев


Роҳат Алиев домоди собиқи раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, падараруси пешинашро муттаҳам кард, ки дастур додааст, то раҳбари мухолифин Олтинбек Сарсинбоевро бикушанд. Дар гуфтугуи ихтисосӣ бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ Роҳат Алиев гуфт, натиҷаҳои таҳқиқоти худаш доир ба марги Сарсинбоевро ба мақомоти Австрия хоҳад дод. Роҳат Алиев, ки дар шаҳри Вена иқомат мекунад, аз тарафи додситонии Қазоқистон ба одамрабоӣ, фасоди молӣ ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG