Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24-уми октябр рузи Созмони Миллали Муттаҳид аст


Имруз 24-уми октябр рузи Созмони Миллали Муттаҳид аст. Ин созмони муътабари байналмиллалӣ соли 1945 ташкил шуд. Он вақт 51 кишвари ҷаҳон ба асосномаи СММ имзо гузоштанд ва ин созмон созмони дигарро бо номи Ҷомеъаи Миллатҳо иваз кард. Ҷомеъаи Миллатҳо соли 1919 созмон ёфта буд. Асосномаи СММ Қонуни Асосии ин созмон ба шумор меравад ва он 26-уми июни соли 1945 ба имзо расид, вале 24-уми октябр, яъне 62 соли пеш дар ҳамин руз эътибор пайдо кард. Замоне СММ эътибори кунунии худро касб кард, ки панҷ кишвари муассис, яъне Чину Фаронса, Иттиҳоди Шуравиву Амрико ва Бритонё Қонуни Асосии СММ-ро дар кишварҳои худ ба тасвиб расонданд.

Ҳоло ин панҷ кишвари муассис узви доимии Шурои Амнияти СММ ба шумор мераванд. Дар айни ҳол 192 кишвар узви ин созмон мебошанд ва Тоҷикистон низ аз нахустин рузи касби истиқлол барои узвият дар ин созмон дархост фиристода буд ва 2-юми марти соли 1992 ба узвияти ин созмон даромад. СММ чанд ҳадафи аслӣ дорад: Таъмини сулҳу амният дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими муносиботи дустона миёни кишварҳои узв, ҳамкорӣ барои ҳали масъалаҳои иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва башарӣ, таъмини эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон.

СММ дорои шаш ниҳоди аслист: Маҷмаъи Умумӣ, Шурои Амният, Шурои Иқтисодӣ ва Сиёсӣ, Шурои Эътимод, Додгоҳи Байналмиллалии Адолат ва Шурои Дабирон ё Котибот. Ба ҷуз аз ин, сохтори худи СММ хеле густарда аст. Масалан, ин созмон дорои 15 ожонсӣ ва бунёду барномаҳои мухталиф мебошад. Масалан, Ожонси Байналмилаллии Энержии Ҳастаӣ, UNICEF ё Бунёди Кудакони СММ, Барномаи Ҷаҳонии Хорбор, Барномаи Рушди СММ ё UNDP, Барномаи Ҷаҳонии Беҳдошт, UNESCO, UNHCR ва амсоли он.

Шурои Амнияти СММ ба ҷуз аз 5 узви доимӣ 10 узви дигари муваққатӣ низ дорад. Ҳоло ба ин гуруҳи аъзои муваққатӣ Итолё, Белжик, Индунезӣ, Африқои Ҷанубӣ, Коста Рико, Буркино Фасо, Хорватиё, Либиё ва Ветном шомиланд. Онҳо аз аввали моҳи январи соли 2008 курсиҳои худро дар Шурои Амният ба аъзои дигари муваққатӣ хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG