Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба минрубӣ дар сарҳад оғоз кард


Узбакистон дар маҳалли Чорсӯй, минтақаи сарҳадӣ бо Тоҷикистон, ба минрубӣ шурӯъ кардааст. Дар ин бора мақомоти ин кишвар дар як нома ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додаанд.

Гуфта мешавад, минрубӣ дар ин минтақаи сарҳадиро Узбакистон ба таври якҷониба ба роҳ мондааст ва то кунун 14 майдони миндор тоза карда шуда, дар ҷамъ 65 мин безарар гардонида шудааст.

Узбакистон хати сарҳад бо Тоҷикистонро, ки беш аз 1,4 ҳазор километр тӯл дорад, охири солҳои 90 минкорӣ намуда буд. То имрӯз дар натиҷаи таркиши ин минҳо 71 шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд, ки 30 дар сади онҳо ноболиғон будаанд.

XS
SM
MD
LG