Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия қарзашро ба Амрико баргардонд


Русия 343 миллион доллар қарзи худро пеш аз муҳлат ба Амрико пардохт кард. Дар ин бора Сергей Сторчак-муовини вазири молияи Русия дар Вошингтон хабар дод. Русия ин қарзро дар соли 1998 барои истифода дар бахши кишоварзӣ аз Амрико гирифта буд. Дар он солҳо иқтисоди Русия бино ба камбуди пул ба душворӣ ру ба ру буд. Тибқи созиши ҷонибҳо Русия метавонист, ин қарзро то соли 2020 ба Амрико баргардонад.

XS
SM
MD
LG