Пайвандҳои дастрасӣ

Си Сзянпин - вориси Ҳу Ҷин Тао?


Имрӯз баъди поён ёфтани анҷумани 17-уми Ҳизби коммунисти Чин ҳайати нави раҳбарии ҳизб ва кишвар эълон шуд. Дабири Кулли Ҳизби коммунист Ҳу Ҷин Тао ва сарвазири Шӯрои Давлатӣ Вэн Тзябао барои боз панҷ соли дигар дар маснадҳояшон боқӣ монданд. Ҳайати Кумитаи доимии Бюрои Сиёсии Ҳизби коммунисти Чин нав шуд ва ба он барои нахустин бор яку якбора чаҳор фарди ҷадид шомил шуданд - Си Сзянпин, раиси созмони ҳизб дар Шонҳой, Ли Кэтсян, раҳбари созмони ҳизбии устони Ляонин, Хе Госян, раҳбари бюрои ташкилии ҳизб ва Чжоу Юнкан, вазири амнияти давлатии Чин.

Гуфта мешавад, ки шояд Си Сзянпин ва Ли Кэтсян соли 2012, дар анҷумани навбатии Ҳизби коммунисти Чин, маснадҳои Дабири Кулли Ҳизб ва сарвазири Шӯрои Давлатиро соҳиб шаванд. Айни ҳол дар бораи дар кадом бахши Кумитаи доимии Бюрои Сиёсӣ фаъолият кардани ин ду узви нав иттилоъ мавҷуд нест ва аммо эълон шудааст, ки ду нафари дигар - Хэ бо фасод дар доираҳои ҳизбӣ мубориза хоҳад бурд ва Чжоу фаъолияти неруҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад сохт.

XS
SM
MD
LG