Пайвандҳои дастрасӣ

Оташ сӯи Малибу ҳаракат мекунад


Мақомоти ёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳида ҳудуди 25 ҳазор сокини шаҳраки Рамонаро ба макони дигар интиқол доданд – оташсӯзӣ, ки чанд рӯз боз дар дар ҷангалзорҳои ёлат идома дорад, то ба канораҳои ин шаҳрак расид. Арнолд Швартсенеггер – волии Калифорния дар ёлат вазъи фавқулодда эълон кард.

То имрӯз дар Калифорния тақрибан 12 ҳазор ҷангалзор ба коми оташ рафтааст. Бар асари ин офат як нафар ба ҳалокат расида 17 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Айни ҳол оташ дар канори шаҳрҳои Лос-Анҷелес, Сан-Диего ва Малибу – маҳалли зисти аксар ситораҳои Ҳоливуд забона мезанад.

XS
SM
MD
LG