Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин Фрадковро муаррифӣ кард


Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, хадамоти иттилооти хориҷии Русия бояд ба хотири ҳимояти манфиатҳои ширкатҳои ватанӣ дар хориҷа бештар кор кунад.

Путин ин суханҳоро зимни муаррифии собиқ нахуствазири кишвар Михаил Фрадков ба унвони раиси хадамоти иттиллоти хориҷии кишвар баён кард.

Фрадков дар ин вазифа Сергей Лебедевро иваз кард, ки моҳи ҷорӣ ба вазифаи Муншии иҷрокунандаи давлатҳои ҷомеаи Ҳамсуд интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG