Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Дабири кулли СММ аз Анкара


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба даъватҳои раҳбарони ҷаҳон ҳамроҳ шуд, ки баъди мувофиқати ҳамлаи низомии артиши Туркия болои шӯришиёни курд дар марзи Ироқ, Анкараро ба ҷилавгирӣ аз ҳама гуна амалиёти низомӣ даъват карданд.

Изҳороти Бан Ки Мун баъди он садо дод, ки президенти минтақаи Курдистон дар шимоли Ироқ Масъуди Боризонӣ ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи артиши Туркия ин минтақа аз худ муҳофизат хоҳад кард.

Боризонӣ гуфт, ки барои коҳиши таниши баамаломада ба таври фаврӣ ҷонибҳо бояд сари мизи музокира нишинанд.

Ҳукумати Ироқ ва ИМА ҳамчунин аз Туркия хостаанд, ки аз анҷоми ҳама гуна амалиёти низомӣ худдорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG