Пайвандҳои дастрасӣ

Монтенегро соҳиби конститутсия шуд


Баъди яку ним соли мустақилияташ аз кишвари Сербистон, ниҳоят парлумони Монтенегро нахустин Қонуни асосии ин кишварро қабул кард.

Қонуни мазкур аз ҷониби 55 вакил пазируфта шуд, дар ҳоле, ки 21 узви сербтабори маҷлис мухолифи қабулшавии конститутсия раъй доданд.

Забони расмии Монтенегро - забони монтенегрӣ мешавад, ки онро аксарият чун як лаҳҷаи забони сербӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар ин ҷумҳурии иборат аз 620 ҳазор сокин, баробар бо забони давлатӣ, забонҳои дигар, мисли сербӣ, босниягӣ ва албанӣ ҳам ҳақи баробари истифодаро доранд.

Барои узвият дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Монтенегро қабули қонуни асосии ин кишвар зарур буд.

XS
SM
MD
LG