Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Исроил аз суханони Лукашенко


Исроил суханони президенти Беларус Александр Лукашенкоро, ки як шаҳри асосан яҳудинишини кишварашро "хукхона" номидааст, маҳкум кард. Дар нишасти хабарӣ дар ҳафтаи гузашта Лукашенко гуфт, шаҳри Бобруйск бисёр чиркин аст ва изофа кард: "Шумо медонед, яҳудиҳо ба ҷои иқомати худ чигуна муносибат мекунанд. Як ба Исроил бингаред." Вазири корҳои хориҷии Исроил, хонум Тсипи Ливнӣ дар як изҳорот гуфт, нақши сарварон бояд мубориза бо яҳудбадбинӣ бошад, на ташвиқи он.

XS
SM
MD
LG