Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи бештари кушташудагон дар инфиҷорҳои Карочӣ


Хабаргузориҳои Ғарб аз саҳнаи ду инфиҷор дар Карочӣ дар бораи шумораи бештари қурбониёни ин ҳодиса гузориш медиҳанд. Онҳо мегуянд, Дастикам дар ду инфиҷор 30 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ низ куштори 30 нафарро таъйид кардаанд ва гуфта мешавад, мумкин аст шумораи қурбониёни ин ҳодиса афзоиш ёбад. Дар лаҳзаҳое, ки ин хабарро омода мекардем, шабакаи телвизюнии CNN-и Амрико аз қавли мақомоти расмии Карочӣ аз куштори 45 нафар хабар медод. Ин ду инфиҷор дар сари роҳи корвони мошинҳои ҳомили Беназир Бҳутто-собиқ нахуствазири Покистон рух додааст, ки баъд аз 8 соли табъид дируз ба Покистон баргашт.
XS
SM
MD
LG