Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронӣ аз ҳоли зани зиндонӣ


Як созмони аврупоии ҳифзи ҳуқуқи башар, воқеъ дар Ирландиё, аз вазъи бади саломатии Мӯътабар Тоҷибоеваи зиндонӣ, як фаъоли ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон, изҳори нигаронӣ кардааст.

Раиси созмони "Ҷабҳаи пеш" Мери Лолор дар як номае унвонии вазири адлияи Ӯзбакистон Бӯритош Мустафоев гуфтааст, ки хонум Тоҷибоева бидуни дастрасӣ ба кӯмаки зарурии тиббӣ муддатҳои дароз дар утоқи яккасаи зиндон нигаҳ дошта мешавад.

Мӯътабар Тоҷибоева ду сол пеш, қабл аз сафараш ба Аврупо барои ширкат дар як конфронс дар мавзуъи ҳуқуқи башар, боздошт ва баъдан ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG