Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави Кумитаи ҷавонон ва сафири нав дар Ҷопон


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи 17 октябр бо як фармони худ Давлаталӣ Саидовро аз мақоми раҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон, сайёҳат ва варзиш барканор намуда ӯро сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъин намуд.

Давлаталӣ Саидов 37 сол дорад ва дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллиро бо тахассуси иқтисодддон хатм кардааст. Ордени «Шараф», дараҷаи II дорад. Қаблан, дар Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ кор кардааст.

Давлаталӣ Саидовро дар мақоми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, сайёҳат ва варзиши Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов иваз намуд.

Маликшоҳ Неъматов 38 сол дорад. Дар Кӯлоб таваллуд шуда ва қаблан, ёвари раисҳумҷур буд.

XS
SM
MD
LG