Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада дар Афғонистон бештар мондан мехоҳад


Ҳукумати Канада пешниҳод дорад, ки ҳузури нирӯҳои худро дар қаламрави Афғонистон то соли 2011 тамдид кунад ва ин мӯҳлат, ду сол дарозтар назар ба мӯҳлати дар нақшаҳои қаблӣ пешбинишуда мебошад.

Дар як муроҷиаташ ба парлумон, ҳукумат аз ҳизбҳои мухолифини Канада тақозо кардааст, ки аз кӯмак ба мардуми Афғонистон рӯ нагардонанд ва барои ояндаи нирӯҳои канадаӣ дар ин кишвар раъй диҳанд.

Канада феълан дар Афғонистон 2500 сарбоз дорад, ки дар манотиқи ҷанубии ин кишвар - вилояти Қандаҳор мустақар ҳастанд ва тибқи муқаррароти имрӯза, бояд то соли 2009 дар он ҷо бимонанд.

XS
SM
MD
LG