Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорони тоҷик дар Маскав шадидан захмӣ шуданд


Се нафар мардикори тоҷик дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Ба иттилоъи радиои «Эхо Москвы», дар натиҷаи шикастани нардбони сохтмонӣ се мардикори тоҷик аз баландии 5 метр ба замин афтида, захмҳои шадиди ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, қазия дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст ва дар ҳоли ҳозир ин мардикорон дар дармонгоҳҳои шаҳр ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG