Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз имкони суиқасд ба ҷони Путин хабар доданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Маскав, ба Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар бораи имкони суиқасде ба ҷонаш дар ҷараёни боздидаш аз Эрон хабар додаанд. Ҳамин ҳафта боздиди Влодимир Путин аз Эрон барномарезӣ шудааст. Хабаргузориҳо ин иттилоъро аз қавли мақомоти Кохи Кремл, ки аз онҳо ном бурда намешавад, пахш кардаанд. Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз хадамоти вижаи Русия навиштааст, террористҳои интиҳорӣ барои анҷоми ин суиқасд ба ҷони Владимир Путин омузиш дидаанд. Тибқи барномаи боздид Путин шоми ҳамин руз вориди Теҳрон мешавад.

XS
SM
MD
LG