Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тенниси рӯимизӣ: 2 роҳхат барои 7 кишвари минтақа


Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба тенниси рӯимизӣ ҷиҳати ширкат дар мусобиқоти минтақавии интихобии олимпӣ ба шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, сафар кард.

Ба гуфтаи сармураббии даста Фарҳод Исмоилов, дар ин мусобиқот, ки аз 15-ум то 17-уми октябр мегузарад, теннисбозон аз Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон барои дарёфти ду роҳхат ба Олимпиадаи Пекин (яктоӣ барои мардон ва занон) бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG