Пайвандҳои дастрасӣ

Солана: “Амалиёти низомӣ мувофиқи матлаб нест"


Ҳавиер Солана – масъули бахши равобити байнулмилалии Иттиҳодияи Аврупо изҳор кард, ки амалиёти низомии неруҳои Туркия алайҳи ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ мувофиқи матлаб нест, зеро он вазъи Ироқро бештар ноором хоҳад кард. Ба гуфтаи Солана, “мо ба ҳамкорони турки худ ташреҳ кардем, ки айни ҳол мавзӯъи таъмини амният дар Ироқ аз мавзӯъҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад”.

Авоили ҳафтаи оянда парлумони Туркия дархости ҳукумат барои шурӯъи амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоихоҳони курд дар манотиқи шимолии Ироқро баррасӣ хоҳад кард. Анқара мусаллаҳони курдро дар куштори беш аз 20 низомӣ ва сокинони осоиштаи кишвар дар марз бо Ироқ муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG