Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи коҳиши нируҳои Бритонё дар Ироқ


Гордон Браун-нахуствазири Бритонё мегуяд, вай ба нақша гирифтааст, ки шумораи нируҳояшро дар Ироқ то баҳори соли оянда то ба 2 ҳазору 500 нафар коҳиш диҳад. Ҳафтаи гузашта вай дар ҷараёни боздидаш аз Ироқ гуфт, Бритонё то поёни ҳамин сол ҳазор низомии худро аз Ироқ хориҷ хоҳад кард, яъне шумораи нируҳои Бритонё дар поёни сол аз 5 ҳазору 500 нафар ба 4 ҳазору 400 нафар хоҳад расид. Ба гуфтаи Браун, ҷои нируҳои Бритонёро нируҳои Ироқӣ хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG