Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши 4 даста барои Ҷоми ФФТ


Чаҳор дастаи лигаи олӣ ба давраи ниманиҳоии Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ғолиби гурӯҳи «А» дар ду бозии ниманиҳоӣ - дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар гурӯҳи «Б» мақоми дуввумро касб кард, рақобат хоҳад кард.

Дар бозиҳои дигари ниманиҳоӣ дастаи «ХИМА»-и Душанбе, ғолиби гурӯҳи «Б» ва тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар гурӯҳи «А» соҳиби ҷои дуввум гардид, муқобили ҳам хоҳанд шуд.

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон ахири моҳи октябр баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG