Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тарсноки Парвиз Мушарраф ба Кашмир


Яке аз се чархболҳое, ки чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушаррафро ҳамроҳӣ мекард, дар вилояти Кашмири таҳти контроли ин кишвар сарнагун шуд.

Бар асари ин сониҳа чаҳор сарбоз ба ҳалокат расида ва ҳашт тани дигар захм бардоштаанд. Сухангӯи артиши покистон эълом кард, ки Парвиз Мушарраф сиҳату саломат дар чархболи худ ба макони пешбинишуда расид. Ба қавли вай, иллати фаннӣ сабаби суқути чархбол шудааст. Парвиз Мушарраф барои ширкат дар маросими дуввуми солгарди заминларзаи маргбор дар вилояти Кашмир ба ин минтақа сафар кард.

XS
SM
MD
LG