Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузорӣ дар Кобул ҳаёти 5 касро аз байн бурд


Дар шаҳри Кобул як бомбгузори маргталаб болои корвони низомии ИМА ҳамла карда, ҳадди ақалл як сарбози амрикоӣ ва чор афғони осоштаро ба қатл расонд. Ҷумбиши исломии Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Ин севумин ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобул дар давоми ҳашт рӯзи ахир аст. Дар ду ҳамлаи пештара болои нерӯҳои артиш ва полиси Афғонистон беш аз 40 кас кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG